Бисмиллоҳир-рахмонир-рахим



Тахминан 34 сол пеш ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) шурўъ ба тадриси баҳси хориҷи фиқҳу усул ва риҷол карданд.  Ва низ баҳсҳое перомуни макосиб, Таҳорат, Намоз, Қазо, Хумс ва бархе аз қавоиди фиқҳӣ монанди Рибо, Тақия ва Илзом ба анҷом расонданд.  Вай тадриси усулро дар се давра тамом кард, ки баъзе аз баҳсҳои ин давра, мисли баҳсҳои усули илмӣ ва таодул ва тароҷиҳ ва ҳамчунин баъзе аз мабоҳиси фиқҳӣ ва бархе аз абвоби намоз ва қоидаи тақия ва илзом, омодаи чоп аст.  Иддае аз фузалои маъруф низ, ки  баъзе аз эшон мударриси баҳси хориҷ мебошад монанди аълома шайх Маҳдии Марворид, аллома Сайид Муртазо Меҳрӣ, Аллома Сайид Ҳабиб Ҳусейниён, Сайид Муртазо Исфаҳонӣ, Аллома Сайид Аҳмад Мададӣ, Аллома шайх Боқири Ирвонӣ ва теъдоде аз устодони ҳавзаҳои илмия, баҳси он касро ба муроҷиа ва баррасӣ гузоштанд.  Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ҳамзамон ба тадрис ва баҳси машғули таълиф ва нигоштани китобҳои муҳим ва чанд рисола шуданд.  Ҳамчунин, Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) куллияи тақрирот баҳсҳои асотиди худро ба риштаи таълиф дароварданд.

Равиши вай дар баҳс ва тадрис

Равиши ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ(дома зиллуҳ) аз дигар равишҳои устодони ҳавза ва арбоби баҳси хориҷ тафовут дорад.  Барои мисол, равиши вай дар баҳси илми усул ба вижагиҳои зер маъруф аст:

1) Зикри таърихи баҳс ва шинохти усул ва пояҳои он, ки шояд як масалаи фалсафӣ монанди: Суҳулат ва осонӣ ва таркиботи он бошад, ё ақидатӣ-сиёсӣ, монанди: баҳси таъодул ва тароҷиҳ, ки ў  дар он гуфтааст: Қазияи ихтилофи аҳодис натиҷаи муборизот ва кашмакашҳои фикрӣ ва ақоиди он замон ва низ шароити сиёсии замони Имомон (алайҳимуссалом) буд.  Ва андак иттилое аз таърихи ин баҳс моро ба гўшаву канори он масала ва ҳақиқати афкор ва оро, ки дар ин бора матрах аст, мерасонад.

2) Пайванди миёни фикри ҳавзавӣ ва фарҳангҳои муосир, зимни баҳс аз маънои алфоз.  Муаллифи китоби «Алкифоя» ақидаи худ дар бораи маонии алфозро бар асоси назарияи фалсафаи муосир, ки ба номи (назарияи такассури идрокӣ) дар фаъолияти зеҳни башарӣ ва халлоқияти он аст, сохтааст.  Ба ин маъно, ки зеҳн мумкин аст як матлабро бо ду шакли мухталиф тасаввур кунад: ки якеро бо истиқлол ва диққат ва вузўҳ, ки ба ў  «исм» гуфта мешавад.  Ва дигар бо инқибоз ё гирифтагӣ, ки он «ҳарф» номида мешавад.  Ва вақте ки вориди баҳси (муштақ) мешавад, он кас аз замон бо биниши фалсафии ҷадид, ки дар ғарб роиҷ аст ва ин ки бояд замонро аз макон ба лиҳози таоқуби нур ва зулмот ҷудо кард, сухан мегуяд.  Ва зимни баҳс дар бораи (сиғаи амр) ва баҳс аз (таҷарӣ) назарияи бархе аз уламои ҷомеашиносиро матраҳ мекунад, ки бар ин ақидаанд, ки саволи ношӣ аз тадохули сифат дархосткунанда бояд аз ҳақиқати дархост ў тафкик шавад.

Милоки истеҳқоқи уқубат ва ҷазо ёғӣ шудан абд бар алайҳи мавлои худ аст ва ин ҳолат мабнӣ бар тақсимот ва табақабандии ҷомеаи қадими башарӣ аст, ки сарварон, ғуломон, бартар, бадтар ва ғайра доштааст.  Дар воқеъ ин назария аз бақоёи фарҳангҳои дерин ки бо забони радабандӣ на забони қонунӣ, ки мабнӣ бар масолеҳи инсонии ҷомеа аст такаллум мегардад.

3) Аҳамият додан нисбат ба усуле, ки бо фиқҳ иртибот дорад, лизо як талаба метавонад ифрот (зиёдаравӣ) ва тафрити (камравӣ) уламоро дар баҳсҳои фиқҳӣ, ки ҳеҷ самараи илмӣ ё фоидаи фикрӣ надорад, мулоҳиза кунад, монанди баҳсҳое, ки дар бораи «вазъ» мекунанд ва ин ки оё «вазъ» як амри этиборӣ ё  таквинӣ ё амре аст, ки мутааллиқ ба тааҳҳуд ё тахсис аст, ё баҳсҳое, ки дар баёни мавзўи «илм» ва бархе аз аворизи зотӣ дар таърифи мавзўи (илм) ва монанди он мекунанд.  Аммо он чи ки дар дуруси ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) мушоҳида мешавад кўшиши фаровон ва базли ниҳоят, заҳмат барои ба даст овардани мабнои илмии маҳкам ва устувор дар баҳсҳои усулӣ дар робита бо равишҳои истинбот, назари мабоҳиси усули амалӣ, таодул ва тароҷиҳ ва ому хос мебошад.

4) Навъоварӣ

 Бисёре аз устодони моҳири ҳавза, руҳ ё фанни навъоварӣ ва таҷдидро доро нестанд ва ҳамеша саъйи онҳо ба ин буда, ки таълиқе ё хошияе дар ин китоб ё он рисола бинигоранд, будуни ин ки ба ҷавҳари баҳс бипардозанд, лизо мебинем, ки ин намуна аз асотид фақат орои мавҷудро баҳс намуда ва аз байни онҳо якеро интихоб мекунанд ва худро бо ибороте монанди «фатааммал» ё «фафҳам» ё «дар ин ишкол ду ишкол вуҷуд дорад» ва «бояд дар ин ду ишкол тааммул ба харҷ дод» ва ғайра машғул мекунанд.

5) Никоҳи аҳли ширк ҷоиз аст:



back 1 2 3 4 5 6 7 next