Бисмиллоҳир-рахмонир-рахим



Ҳамчунин дар ин муддат дар мавзуоти мухталифе ҳамчун китоби Ҳуқуқ ва баҳси Рибо ва Қоидатул-илзом ва Қоидаи Тақия, баҳсҳои фиқҳӣ доштаанд.  Ҳамчунин дар ин муддат баҳсҳое дар илми Риҷол, ки шомили ҳуҷҷияти маросили Ибни Абиумайр ва шарҳи Машихатут-таҳзибин ва ғайра низ диштаанд.

Ҳамчунин муаззамун лаҳ баҳсҳое дар илми усулро дар шаъбони 1384 ҳиҷрӣ шурўъ намуда ва давраи севвуми тадрисро дар шаъбони 1411 ҳиҷрӣ ба поён расонд ва тамоми дарсҳои он кас дар баҳсҳои фиқҳ ва усул аз соли 1397 ҳиҷрӣ то ба ҳол ба сурати  кассетаҳои савтӣ (аудиокассета) мавҷуд мебошад.  Ва дар ин рўзҳо (шаъбони 1423 ҳиҷрӣ) машғул ба тадриси китоби закот аз шарҳи Урватулвусқо мебошанд.

 

Нубуғи илмӣ

 

Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ(дома зиллуҳ) ҳамвора дар баҳсҳои аситиди худ истеъдод ва ҳуши фавқулоддае нишон медоданд ва барҷастатар аз ҳамаи ҳамшогирдонаш буд вай дар ишколгирӣ ва ҳузури зеҳн ва зиёдии таҳқиқ ва татабуъ дар масоили фиқҳӣ ва риҷол ва тадовуми фаъолияти илмӣ ва ошноӣ бо бисёре аз назарияҳо дар майдонҳои гуногун илмӣ, маҳорати истисноӣ нишон доданд. 

Шоёни зикр аст, ки миёни ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ва Шаҳид Садр (қуддиса сирруҳ) дар ҳавза набуғи илмӣ ва рақобати шадид буд.  Ба ин амр метавон аз гувоҳии иҷтиҳоди ду тан аз асотиди вай яъне Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Абулқосим Хуӣ (ризвонуллоҳ таъоло алайҳ) ва аллома Ҳусейни Ҳиллӣ (қуддиса сирруҳ) нигоштаанд, пай бурд.  Ва маъруф аст, ки Оятуллоҳ Хуӣ (қуддиса сирруҳ) ба ҳеҷ як аз шогирдони худ, ба ҷуз ҳазрати Оятуллоҳи узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ва Оятуллоҳ шайх Алии Фалсафӣ, (ки аз уламои маъруфи Машҳад мебошад) гувоҳии хаттӣ надодаанд.  Ва низ шайхи муҳаддисони асри худ, аллома Оқо Бузурги Теҳронӣ (қуддиса сирруҳ) барои  ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) дар соли 1380 ҳиҷрии қамарӣ гувоҳнома навиштааст ва дар он аз маҳорати ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ва дирояти вай дар илми риҷол ва ҳадис тамҷид шудааст.  Яъне ҳангоме ки ханўз ҳазрати Оятуллоҳул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ба синни 31 солагӣ нарасида буданд, соҳиби ин мартабаи воло гардидаанд.

 

Таълимот ва дастовардҳои фикрӣ

 



back 1 2 3 4 5 6 7 next