Бисмиллоҳир-рахмонир-рахим



Муаззамун лаҳ дар панҷ солагӣ ба таълими Қуръони Карим пардохт сипас вориди мадрасаи Доруттаълими динӣ ба манзури омухтан, хондан ва навиштан ва ғайра шуд, ки дар ин муддат хушнависиро аз устоди фан Мирзо Алӣ Оқозолим омўхт.

Дар соли 1360 ҳиҷрӣ  бо амри падари бузургвораш шурўъ ба омухтани муқаддамоти улуми ҳавзавӣ намуд, ки маҷмуае аз дарсҳои адабӣ ҳамчун «Шарҳи алфия»-и Ибни Молик, «Муғнӣ»-и Ибни Ҳишом ва «Мутаввал»-и Тафтозонӣ ва "Мақомот"-и Ҳурайрӣ ва «Шарҳун-низом»-ро назди марҳум Адиби Нишопурӣ ва баъзе дигар аз устодони фан пардохт.    Ва шарҳи Лума ва Қавонинро назди марҳум Саид Аҳмад Яздӣ, маъруф ба  Наҳанг хонд ва қисмате аз дуруси сутуҳ мисли Макосиб ва Расоил ва Кифояро назди олими ҷалил шайх Ҳошими Қазвинӣ хонд.

Ва теъдоде аз кутуби фалсафӣ ҳамчун шарҳи «Манзума»-и Сабзаворӣ ва «Шарҳул-ишроқ» ва «Асфор»-ро назди марҳум Оисӣ хонд ва «Шавориқул-илҳом»-ро назди марҳум шайх Муҷтабо Қазвинӣ омухт ва аз маҳзари алломаи муҳақиқ Мирзо Маҳдии Исфаҳонӣ мутаваффои 1365 ҳиҷрӣ баҳраҳои фаровон бурд, ҳамчунин аз маҳзари Мирзо Маҳдии Оштиёнӣ ва Мирзо Ҳошими Қазвинӣ баҳраҳо бурдааст.

Пас аз фарогирии улуми ибтидоӣ муқаддамот ва сатҳ назди бархе аз асотид ва мударрисон ба фарогирии улуми ақлия ва маорифи илоҳия пардохт.  Сипас дар соли 1368 ҳиҷрӣ ба шаҳри муқаддаси Қум муҳочират намуда ва аз маҳзари марҷаи бузург Оятуллоҳ Буруҷардӣ (қуддиса сирруҳ) дар фиқф ва усул баҳраҳои фаровон бурд ва аз дониш ва маърифати фиқҳии ў ба вижа дар илми риҷол ва ҳадис истифодаҳои бисёре намуд.

Вай ҳамчунин дар дуруси фақиҳ ва олими фозил Сайидҳуҷҷати Куҳкамарӣ (қуддиса сирруҳ) ва теъдоде аз уламои маъруфи он давра ширкат намуд.

Муаззамун лаҳ дар муддати иқомат дар Қум бо мукотиботе, ки марҳум Саидалӣ Беҳбаҳонӣ (яке аз уламои барҷастаи Аҳвоз ва аз тобеини мадрасаи муҳақиқ шайх Ҳодии Теҳронӣ, ки мавзўи мавриди мукотибаи баъзе аз масоили қибла буда ба тавре, ки муаззамун лаҳ дар ин масоил муноқишоти муфассале бо марҳум Беҳбаҳонӣ дар бораи орои марҳум муҳақиқи Теҳронӣ дошта ва марҳум Беҳбаҳонӣ аз орои устоди худ дифоъ мекард, пас аз муддате мукотиба марҳум Беҳбаҳонӣ номаи ташаккур барои  муаззамун лаҳ фиристод ва аз эшон тамҷид ва тақдири комиле намуд.  Ва қарор бар он шуд, ки бақияи баҳс мавқеи ташрифи он кас ба Машҳад анҷом гардад.

Дар соли 1371 ҳиҷрӣ муаззамун лаҳ аз Қум ба Наҷафи ашраф муҳоҷират намуд, ки дар рўзи арбаини Ҳусейнӣ вориди Карбало гардид сипас ба Наҷаф сафар намуд ва дар мадрасаи Бухороӣ ворид шуда ва мустақар гардиданд, ки дар маҳзари асотиди бузурге ҳамчун Оятуллоҳ Хуӣ ва шайх   Ҳусейни Ҳиллӣ (қуддиса сирруҳумо) дар фиқҳ ва усул ба муддати тўлонӣ хозир гардид ва ҳамчунин дар ин муддат ҳам дар дуруси бузургоне ҳамчун Оятуллоҳ Ҳаким ва Оятуллоҳ Шоҳрудӣ (қуддиса сирруҳумо) ҳозир гардид.  Дар соли 1380 ҳиҷрӣ муаззамун лаҳ тасмими баргашт ба  ватани худ Машҳад гирифт ва чун тасаввур менамуд, ки дар онҷо мустақар хоҳад шуд, аз инрў устодонаш Оятуллоҳ Хуӣ ва шайх Ҳусейни Ҳиллӣ (қуддиса сирруҳумо) шаҳодати расидан ба дараҷаи иҷтиҳодро барои ў мактуб намуданд.

Ҳамчунин ки муҳаддиси бузург Оқо Бузурги Теҳронӣ шаҳодати дигаре дар табаҳҳури он кас ба илми риҷол ва ҳадис мактуб намуд.

Муаззамун лаҳ дар соли 1381 ҳиҷрӣ бори дигар ба Наҷаф бозгашт ва бо вурудашон шурўъ ба дарси хориҷ дар фиқҳ дар боби Макосиби Шайх Ансорӣ ва баъд аз он «Шарҳи урва» дар боби таҳорат ва бештар китоби Намозро тадрис намуданд.

Ва дар соли 1418 ҳиҷрӣ баъд аз онки китоби Рўзаро  ба поён расонда буд, шурўъ ба шарҳи котоби Эътикоф намуд.



back 1 2 3 4 5 6 7 next