Бисмиллоҳир-рахмонир-рахим



 

 

                                                                                                                                   

 

Зиндагиномаи марҷаи олиқадр - Ҳазрати Оятуллоҳул-узмо Сиистонӣ

  Вилодат

Ҳазрати Оятуллоҳул-узмо Сиистонӣ дар рузи 9-рабъулаввал дар соли 1349-и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Машҳади муқаддас таваллуд ёфт ва падараш ба майманати номи бобояш ўро Алӣ ном ниҳод.

Номи падари гиромиаш марҳум Сайид Муҳаммад Боқир ва номи ҷадди он кас, ки аз бузургони илм ва зуҳд будааст, Сайидалӣ мебошад, ки зиндагиномаи он касро марҳум Шайх Оқобузурги Теҳронӣ дар «Табақоти аъломи шиа» (қисмати чаҳорум саҳифаи 1432) зикр намудааст, ки гуфта шудааст, он кас дар Наҷаф аз шогирдони Мавло Алии Наҳовандӣ ва дар Сомирро аз шогирдони Муҷаддади Шерозӣ сипас аз шогирдони хосси марҳум Саид гардид ва дар ҳудуди соли 1308 ҳиҷрӣ  ба шаҳри муқаддаси Машҳад бозгашт ва дар он ҷо мустақар гашт.  Ва аз муҳимтарин шогирдонаш фақиди бузургвор Шайх Муҳаммад Ризо Оли Ёсин (қуддиса сирруҳ) мебошад.

Хонадони он кас, ки  аз саидони Ҳусейнӣ мебошанд дар асри Сафавӣ дар Исфаҳон зиндагӣ мекарданд, ки аз тарафи Султон Ҳусейни Сафавӣ ҷадди аълои он кас Саид Муҳаммадро ба мансаби Шайхул-ислом дар Сиистон мансуб намуд ва он кас ба он ҷо фиристода шуда ва бо хонаводаашон дар он ҷо зиндагӣ кардаанд.

Аз наводаҳои он кас Саидалӣ ҷадди муаззамун лаҳ аввалин шахсе буд, ки ба шаҳри муқаддаси Машҳад муҳоҷират намуд ва дар мадрасаи марҳум Муҳаммад Боқири Сабзаворӣ мунтақил гардид ва аз он ҷо барои ташкили дарси худ ба Наҷафи Ашраф муҳоҷират намудааст.



1 2 3 4 5 6 7 next