Ошўро аз нигоҳи андешамандони ҷаҳон



Таъсире, ки ҳодисаи Карбало ва қиёми Ҳусайн ибни Алӣ (р) бар андешаи мардуми ҷаҳон, ҳатто ғайримусулмонон дошта, бисёр аст. Азамати қиём ва авҷи фидокорӣ ва хусусиёти дигари Имом ва ёронаш сабаб шуда, ки изҳори назарҳои бисёре дар бораи ин наҳзат ва ҳамосаофаринони Ошуро дошта бошанд.

Нақли суханони ҳамаи он касон китоби комиле металабад, ба вижа ки баъзе аз нависандагони ғайри мусалмон мустақиллан китобҳое дар бораи ин ҳодиса навиштаанд. Дар ин ҷо танҳо теъдоде андак аз ин назарҳо (аз мусалмон ва ғайри мусалмон) оварда мешавад:

− Маҳатма Гандӣ: Ман зиндагии Имом Ҳусайн; он шаҳиди бузурги исломро ба диққат хондаам ва таваҷҷӯҳи кофӣ ба сафаҳоти Карбало намудаам ва бар ман рӯшан шудааст, ки агар Ҳиндустон бихоҳад як кишвари пирӯз гардад, бояд аз Имом Ҳусайн пайравӣ кунад.

− Муҳаммадалии Ҷиноҳоиди аъзами Покистон): Ҳеҷ намунае аз шуҷоат, беҳтар аз он ки Имом Ҳусайн аз лиҳози фидокорӣ ва таҳаввур нишон дод, дар олам пайдо намешавад. Ба ақидаи ман, тамоми муслимин бояд аз сармашқи ин шаҳиде, ки худро дар сарзамини Ироқ қурбонӣ кард, пайравӣ намояд.

− Чарлз Диккенс (нависандаи машҳури англис): Агар манзури Имом Ҳусайн ҷанг дар роҳи хостаҳои дунёӣ буд, ман намефаҳмам чаро хоҳарону занону фарзандонаш ба ҳамроҳи ӯ буданд? Пас ақл чунин ҳукм менамояд, ки ӯ фақат ба хотири Ислом, фидокории худро анҷом дод.

− Томас Карлейл (файласуф ва мваррихи англисӣ): Беҳтарин дарсе, ки аз трожедии Карбало мегирем, ин аст, ки Ҳусайн ва ёронаш имони устувор ба Худо доштанд. Онҳо бо амали худ рӯшан карданд, ки тафаввуқи ададӣ дар ҷое, ки ҳаққу ботил рӯ ба рӯ мешавад, аҳамият надорад ва пирӯзии Ҳусайн бо вуҷуди ақаллияте, ки дошт, боиси шигифтии ман аст.

− Эдуард Барун (мусташриқи машҳури англисӣ): Оё қалбе пайдо мешавад, ки вақте дар бораи Карбало сухан мешавад, оғушта бо ҳузну алам нагардад? Ҳатто ғайримусулмонон низ наметавонанд покии рӯҳеро, ки дар ин ҷанги исломӣ дар таҳти ливои он анҷом гирифт, инкор кунанд.

- Фридрих Ҷеймс: Дарси Имом Ҳусайн ва ҳар қаҳрамони шаҳиди дигаре ин аст, ки дар дунё усули абадии адолат ва тараҳҳум ва муҳаббат вуҷуд дорад, ки тағйирнопазиранд ва ҳамчунин мерасонад, ки ҳар гоҳ касе барои ин сифатҳо истодагӣ кунад ва дар роҳи он пофишорӣ намояд, он усул ҳамеша дар дунё боқӣ ва пойдор хоҳад монд.

- Л. М. Байд: Дар тайи қарнҳо, афроди башар ҳамеша ҷуръату пурдилию азамати рӯҳ, бузургии қалбу шаҳомати равониро дӯст доштаанд ва дар ҳаминҳост, ки озодию адолат ҳаргиз ба нерӯи зулму фасод таслим намешавад. Ин буд шаҳомат ва ин буд азамати Имом Ҳусайн. Ва ман масрурам, ки бо касоне, ки ин фидокории азимро аз ҷону дил сано мегӯянд, ширкат кардаам, ҳарчанд ки 1300 сол аз таърихи он гузаштааст.

− Вашингтон Ирвинг (муваррихи машҳури амрикоӣ): Барои Имом Ҳусайн мумкин буд, ки зиндагии худро бо таслим шудан ба Язид наҷот бахшад, лекин масъулияти пешво ва наҳзатбахши Ислом иҷозат намедод, ки ӯ Язидро ба унвони халифа бишиносад. Ӯ ба зудӣ худро барои қабули ҳар нороҳатию фишоре ба манзури раҳо сохтани Ислом аз чанголи Бани Умайя омода сохт. Дар зери офтоби сӯзони сарзамини хушк ва дар рӯи регҳои тафтидаи Арабистон, руҳи Ҳусайн фанонопазир аст. Эй паҳлавон ва эй намунаи шуҷоат ва эй шаҳсавори ман, эй Ҳусайн!



1 2 next