Фарқи байни мўъмин ва мусулмон дар чист?



Савол: Гуфта мешавад, ки ҳар мӯъмине мусулмон низ ҳаст, вале чунин нест, ки ҳар мусалмоне лузуман мӯъмин ҳам бошад. Агар он чи ба забон мегӯяд, дар дилаш ҳам роҳ ёфта бошад, мӯъмин ҳам ҳаст, вагарна мӯъмин нест. Аз ин гуфта, оё хулоса бароварда мешавад, ки:

1) Шахсе побанди ибодатҳои Худованд аст, аз ҳаромкардаҳои Худованд дурӣ меҷӯяд ва дар зери итоати Худову Расули ӯст, вай мӯъмин аст?

2) Шахсе аҳкоми исломро баҷо меорад, аммо арақхӯр ё зинокор ё дурӯғӯ мебошад, оё вай мусулмон асту аммо мӯъмин нест?

3) Кӯдаки ноболиғ тассавуроте надорад, аз ин рӯ барояш тоату ибодат фарз нест. Оё мо метавонем ӯро мӯъмини комил биномем?

Ҷавоб:

1) Чунон ки гуфтем, мӯъмин будани шахс, доир мадори имони қалбии вай аст, агар воқеан ба Худову паёмбару рӯзи охират имон ва бовар дошта бошад, ӯ мӯъмин аст, вагарна мӯъмин нест. Ин нуктаро хотиррасон кунем, ки барои инсон ба осонӣ муяссар нест, ки мӯъмин будан ё набудани касеро бифаҳмад, зеро имон як амри қалбӣ аст. Мо наметавонем ба осонӣ ба он чи дар дилҳои мардум аст огоҳ шавем.

Бинобар ин, дар муомилот, мусулмон будани касе кофист, ки бо вай муомила кунем ва рафтори бародарона дошта бошем, аммо он чи дар дили ӯ мегузарад, ин ба Худо вогузор мешавад ва кори мо нест.

2) Посухи пурсиши дуюми шумо ин аст, ки чи басо чунин касе, ҳам мусулмон бошад ва ҳам мӯъмин. Мусулмон буданаш, ба иллати калимаи шаҳодатро ба забон ҷорӣ кардани вай сурат мепазирад ва мӯъмин буданаш ҳам, бо имони қалбии ӯ. Чӣ касе гуфта метавонад, ки вай дар қалб имон надорад?

Оре, агар ҳам мӯъмин ва ҳам мусулмон бошад, вале мӯъмину мусулмони гунаҳкор, фосиқ ва фоҷире бошад, дар охират ба сазои аъмолаш мерасад.

3) Кӯдакон то синни тамйиз (тақрибан 9 ё 10 солагӣ ё камтар), чи мусулмонзода бошанд, чи яҳудизода, чи масеҳибачча бошанд ва чи мушрикзода, ҳамагӣ бар фитрати ислом яъне фитрати яктопарастӣ ҳастанд. Касе ҳақ надорад ононро мушрик ё масеҳӣ ва ё яҳудӣ биномад, сазовор аст бар эшон исми мӯъмини мусулмон гузошта шавад.



1 next