Маваддатул қурбо ва



 

 

 

аҳлул або
Сайид Алии Ҳамадон
ӣ
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Муқаддимаи мутарҷим

Тарҷумаи китоби «Маваддатул қурбо»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргирифта аз «Янобеъ-ул-мавадда»-и Қундузии ҳанафӣ. Ёдовар мешавем, ки дар баъзе аз маворид, аҳодис ба хотири дар як мавзўъ будан ҷобаҷо шуда, ки аз шумораи он низ фаҳмида мешавад ва шумораи ҳадис ҳамон шуморае аст, ки Қундузии ҳанафӣ онро дар “Янобеъ-ул-мавадда” қарор додааст.

                                                    

Шарҳе мухтасар дар бораи шахсияти нависандаи китоб         

Китобе, ки аз назар мегузарад, яке аз осори арзишманди орифи комил, олими фозил, солики раббонӣ Мир Сайид Алӣ ибни Шаҳоби Ҳамадонист, ки ошиқи мақоми вилоят ва имомати мавлои муваҳҳидон Амири мўъминон Алӣ ибни Абўтолиб алайҳис саломбуда ва ҳамаи фазоил, каромот ва камолоти инсониро дар вуҷуди мубораки он ҳазрат ҷамъ медидааст. Вақте ки аз ин орифи воломақом пурсиданд, ки аз кадомин шаҳрӣ? Дар ҷавоб гуфт:

Пурсид азизе, ки Алӣ аҳли куҷоӣ?

Гуфтам ба вилояти Алӣ аз Ҳамадонам

Нейз-он Ҳамадонам, ки надонанд Алиро

Ман з-он Ҳамадонам, ки Алиро ҳама донам.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз фарзандони ҳазрати Имом Зайнулобидин алайҳис салом аст, ки бинобар нақле бо 17 восита ба шаҷараи вилояти Алӣ ибни Абўтолиб алайҳис салом мепайвандад ва модараш ба номи Фотима хоҳари Алоуддавлаи Симнонист.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 next