МАТНИ КОМИЛИ ХУТБАИ ПАЁМБАРИ АКРАМ ДАР ҒАДИРИ ХУМ



БА НОМИ ХУДОВАНДИ БАХШАНДАИ МЕҲРУБОН

1

ҲАМДУ САНОИ ИЛОҲЙ

Ҳамду ситоиш Худоеро, ки дар ягонагии худ олимақом ва дар танҳоӣ ва ягона будани худ наздик аст. Илми ӯ ҳамаи чизро иҳота намудааст, дар ҳоле, ки дар ҷои худ аст. Ӯст, ки махлуқотро бо қудрат ва бурҳони худ таҳти назорати худ дорад.

Ҳамеша мавриди сипос буда ва ҳамчунон мавриди ситоиш хоҳад буд. Соҳибазамате, ки аз байн рафтанӣ нест. Ибтидокунанда ва бозгардонанда ӯст ва ҳар коре ба сӯи ӯ боз мегардад.

Бавуҷудоварандаи болобурдашудаҳо (киноя аз осмонҳо ва афлок) ва паҳнкунандаи густурдаҳо (киноя аз замин) ва ягона ҳукмрони осмонҳо ва заминҳост. Ӯст поку муназзаҳ ва тасбиҳшуда, парвардигори малоика ва рӯҳ, марҳаматкунанда бар ҳамаи ончи халқ карда ва лутфкунанда бар ҳар ончи ба вуҷуд овардааст.

Ҳар чашме зери назари ӯст, вале чашмҳо ӯро намебинанд.

Карамкунанда, бурдбор ва таҳаммулкунанда аст. Раҳмати ӯ ҳамаи чизро фаро гирифта ва бо неъмати худ бар ҳамаи онҳо миннат[1] гузошта аст. Дар интиқом гирифтани худ шитоб намекунад ва ончи аз азобаш, ки мустаҳаққи онанд пешдастӣ намекунад.

Ботинҳо ва асрорро мефаҳмад ва замирҳоро медонад, пинҳонҳо бар ӯ махфӣ намемонад, махфиҳо бар ӯ муштабеҳ[2] намешавад. Ӯрост иҳота бар ҳар чизе, ғалаба бар ҳама чизе, қувват дар ҳар чизе, қудрат бар ҳар чизе ва монанди ӯ чизе нест. Ӯст бавуҷудоварандаи шайъ (чиз) ҳангоме, ки чизе набуд. Доимӣ ва зинда аст ва ба қисту[3] адл қоим аст. Нест худое ҷуз ӯ, ки боиззат ва ҳаким аст.

Болотар аз он аст, ки чашмҳо ӯро дарк кунанд, вале ӯ чашмҳоро дарк мекунад ва ӯ лутфкунанда ва огоҳ аст. Ҳеҷ кас наметавонад бо дидан ба сифати ӯ роҳ ёбад, ҳеҷ кас ба чигӯнагии ӯ аз ошкору ниҳон даст намеёбад, магар ончи худи Худованди азза ва ҷалла роҳнамоӣ карда аст.

Гувоҳӣ медиҳам барои ӯ, ки ӯст худое, ки қудс, покӣ ва муназзаҳ будани ӯ рӯзгорро пур кардааст. Ӯст, ки нураш абадиятро фаро гироифтааст. Ӯст, ки дастурашро бидуни машварати машвараткунандае иҷро мекунад ва дар тақдираш шарик надорад ва дар тадбираш кумак намешавад.

Ончи эҷод кардааст, бидуни намуна ва мисоле тасвир намуда аст. Ончи халқ карда, бидуни кумак аз касе ва бидуни заҳмат ва эҳтиёҷ ба фикру ҳила халқ карда аст. Онҳоро эҷод кард, пас бавуҷуд омаданд, халқ кард, пас зоҳир шуданд. Ӯст худое, ки ҷуз ӯ худое нест, санъати ӯ маҳкаму устувор ва кори ӯ зебо аст. Одилест, ки зулм намекунад ва карамкунандаест, ки корҳо ба сӯи ӯ боз мегарданд.

Шаҳодат медиҳам, ки ӯст худое, ки ҳама чиз дар муқобили азамати ӯ тавозӯъ карда, ҳама чиз дар муқобили иззати ӯ залил шуда, ҳама чиз дар муқобили қудрати ӯ сари таслим фуруд оварда,ҳама чиз дар баробари ҳайбати ӯ фармонбардор шуда аст.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 next