Сира ва суханони пешвоён



Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам
Партаве аз сира ва симои Паёмбари Худо ҳ азрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фарзанди Абдуллоҳ ибни Абдулмутталлиб ибни Ҳошим ибни Абдулманноф, дар Макка ба дунё омад.

Пеш аз вилодати падараш Абдул л оҳ даргузашта буд. Муҳаммад саллаллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шаш сол дошт, ки модараш Оминаро низ аз даст дод. Ў то ҳашт солагӣ зери сарпарастии ҷаддаш Абдулмутталиб буд ва пас аз марги бобош дар хонаи амакаш Абўтолиб сукунат кард. Рафтор ва кирдори ў дар хонаи Абўтолиб назари ҳамагонро ба сўи худ ҷалб кард ва дере нагузашт, ки меҳраш дар дилҳо ҷой гирифт. Ў бар хилофи кўдакони ҳамсолаш, ки мўҳҳои парешон ва чашмони олуда доштанд монанди бузурлсолон мўҳҳояшро мураттаб мекард ва сару сурати худро покиза нигаҳ медошт. Ў ба чизҳои хўрокӣ ҳаргиз ҳарис набуд кўдакони ҳамсолаш чунон, ки расми кўдакон аст бо шитобзадагӣ таом мехўрданд ва гоҳе луқмае аз дасти якдигар мерабуданд, вале ў ба таоми андак иктифо ва аз ҳирсварзӣ дар таом худдорӣ мекард. Дар ҳама аҳвол матонати пеш аз ҳадд и син ну соли худ ро аз худ нишон  медод. Баъзе рўзҳо ҳамин, ки аз хоб бармехост ба сари чоҳи замзам мерафт ва аз оби он чанд қатра менўшид ва чун ба вақти чошт   ба сарфи таом даъваташ менамуданд мегуфт: Эҳсоси гурснагӣ намекунам. Ў на дар к ў дакӣ ва на дар бузургсоли ҳеҷ гоҳ аз гуруснагӣ ва ташнагӣ сухан ба забон намеовард. Амаки меҳрубонаш Абўтолиб ўро ҳамеша дар канори бистари худ мехобонид. Абўтолиб мегўяд: Ман ҳаргиз калимаҳои дурўғ аз ў нашунидам ва кори ношоиста ва хандаи беҷо аз ў надидам. Ў ба бозичаҳои кўдакон рағбат намекард ва гўшагирӣ ва танҳоиро дўст медошт ва дар ҳама ҳол хоксор буд. Он ҳазрат дар сездаҳ солагӣ Абўтолибро дар сафари Шом ҳамроҳӣ кард. Дар ҳамин сафар буд, ки шахсият, азамат, бузургворӣ ва амонатдории худро нишон дод. Бисту панҷ сол дошт, ки бо Хадича духтари Хувайлид издивоҷ кард. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар миёни мардуми Макка ба амонатдорӣ ва садоқат машҳур гашт то он ҷо ки ҳама ўро Муҳаммади амин мехонданд.

Дар ҳамин сину сол буд, ки бо гузоштани Ҳаҷарул-асвад ва пешгирӣ аз фитна ва ошуби қабилаҳо, кордонӣ ва тадбири худро собит кард ва бо ширкат дар анҷумани ҷавонмардони Макка инсондўстии худро ба исбот расонд. Дурусткорӣ ва парҳез аз ширк ва бутпарастӣ ва бе эътиноӣ ба мазоҳирӣ дунявӣ ва фикр кардан дар низоми офариниш, ўро комилан аз дигарон бартар ва ҷудо сохта буд. Он ҳазрат дар чиҳил солагӣ ба паёмбарӣ интихоб шуд ва даъваташ то се сол махфиёна буд. Пас аз ин муд д ат ба ҳукми ояти

«وَ أَنـْذِرْ عَشيرَتَكَ الاَْقـْرَبينَ»

Яъне “Хешовандони наздики худро ҳушдор деҳ” рисолати худро ошкор кард ва аз бастагони худ оғоз кард ва сипас даъват ба Тавҳид ва парҳез аз ширк ва бутпарастиро ба гўши мардум расонд. Аз ҳамон ҷо буд, ки сарони қурайш мухолифат бо ўро оғоз карданд ва ба озори он ҳазрат пардохтанд. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар муддати сездаҳ сол дар Макка бо ҳамаи озорҳо ва шиканҷаҳои сармоядорони мушрики Макка ва ҳамдастони онон муқовимат кард ва аз мақоми илоҳии худ ҳаргиз ақаб нишинӣ нанамуд. Пас аз сездаҳ сол таблиғ дар Макка, ночор ба ҳиҷрат шуд. Пас аз ҳиҷрат ба Мадина заминаи нисбатан муномибе барои таблиғи Ислом фароҳим шуд ҳар чанд, ки дар таи ин даҳ сол низ куффор, мушрикон, мунофиқон ва қабилаҳои Яҳуд музоҳиматҳои бисёре барои ў эҷод карданд. Дар соли даҳуми ҳиҷрат пас аз анҷоми маросими ҳаҷ ва тарки Макка ва расонидани имомати Алӣ ибни Абўтолиб алайҳис-салом дар Ғадири Хум ва итмоми рисолати бузурги худ дар 28-и сафари соли 11-и ҳиҷрӣ реҳлат кард.
  Ахлоқ ва сираи Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам комилтарин инсон ва бузург ва солори тамоми паёмбарон аст. Дар азамати он ҳазрат ҳамин бас, ки Худованди Мутаол дар Қуръони Маҷид ўро ба таъбири  «
يا ايّها الرّسول» و «يا ايّها النّبى» мавриди  хитоб қарор медиҳад ва ўро ба унвони инсони улгу барои тамоми ҷаҳониён муаррифӣ менамояд:

 «لَقَدْ كانَ لَكُم في رَسُول اللّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ»

“Дар сира ва сухани Паёмбари Худо барои шумо улгуи некўе аст. ” Ў ба ҳақ дорои ахлоқ и комил ва ҷ ом е и тамоми фазоил ва камолоти инсонӣ буд. Худояш ўро чунин меситояд:  
«
إِنّك لَعَلى خُلُق عَظيم»;Эй Паёмбар ту дорои беҳтарин ахлоқ ҳастӣ”

«وَلَوْ كُنْتَ فَظّاً غَليظَ الْقَلْبِ لاَنْفَضُّوا مِنْ حَوْلِكَ»

“Агар тўндхў ва сахт дил мебудӣ мардум аз атрофат пароканда мешуданд” Аз ин рў яке аз муҳимтарин сабабҳои пешрафти Ислом ахлоқи некў ва бархўрди матин ва мулоими он ҳазрат бо мардум буд. Дар тўли зиндагонии ў ҳаргиз дида нашуд, ки вақташро ба корҳои ботил бигзаронад. Дар мақоми ниёиш ҳамеша мегуфт: “Худоё аз бекорӣ ва танбалӣ ва забунӣ ба ту паноҳ мебарам” Ва мусулмононро ба кор кардан ташвиқ менамуд. Ў ҳамеша ҷониби адл ва инсофро риоят мекард ва дар тиҷорат ба дурўғ ва пинҳонкорӣ мутавасcил намешуд ва ҳеҷ гоҳ дар муомила сахтгирӣ намекард ва бо касе муҷодила ва лаҷоҷат наменамуд ва кори худро ба гардани дигаре намеандохт. Ў сидқи гуфтор ва адои амонатро қивоми зиндагӣ медонист ва мефармуд: Ин ду дар ҳама таълимҳои паёмбарон таъкид ва таъйид шудааст. Дар назари ў ҳамаи афроди ҷомеа муваззаф ба муқовимат дар баробари ситамкорон ҳастанд ва набояд нақши тамошогар дошта бошанд. Мефармуд: Бародаратро чӣ золим бошанд ва чӣ мазлум ёрӣ намо! Асҳоб гуфтанд: Маънии ёрӣ кардани мазлумро донистем, вале золимро чӣ гуна ёрӣ кунем? Фармуд: Дасташро бигир е д то натавонад ба касе ситам кунад! Х онандаи гиромӣ! Аз он ҷо ки мо дар рўзгори табоҳии ахлоқ ва ғалабаи шаҳватҳо ва офатҳо ба сар мебарем муносиб аст, ки дар ин ҷо симои самимии паёмбарони илоҳиро умуман ва чеҳраи тобнок ва ҳақиқати инсонии Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро хусусан, ки дар тоблуи таърих ҳастанд бо шукўҳмандӣ биёбем, ки ба ҳақ дар асри мо бартарин тасвири инсони наздик ба ҳақиқат, он ҳазрат аст. Маншури се буъдии таърих се чеҳраро нишон медиҳад: Қайсарон, файласуфон ва паёмбарон. Паёмбарон “симои дўст доштанӣ доранд ва дар рафторашон садоқат ва самимияти бештар аз убуҳат ва қудрат пайдост ва аз пешонияшон партави нуроние, ки чашмҳоро хира медорад шўълавар, аммо монанди рози ғайб шинохта нашудаанд.

Соддатарин нигоҳҳо онро ба соддагӣ мебинад, аммо печидатарин нубуғҳо ба душворӣ метавонад ёфт. Руҳҳое доранд, ки дар баробари зебоӣ ва маъно ва роз ҳассосанд, шармо ва равшаноӣ ва рамзи шигифти онро монанди шармои як ишқ, барқи як умед ва латифаи пайдо ва пинҳони зебое ҳис мекунанд ва онро дар партави мармузи симоашон ва рози пурҷозибаи нигоҳашон ва танини домангустари овоашон, атри мастибахши андешаашон, роҳ рафтану нишастанашон, сухану сукуташон ва зиндагӣ карданашон мебинанд, меёбанду ламс мекунанд.

Ин аст, ки ҳар гоҳ бар баландии қуллаи таърих бубароем инсонҳоро ҳамеша ва ҳама ҷо дар паи ин меҳраҳои содда, аммо шигифт, мебинем, ки ошиқона чашм ба онҳо дўхтаанд. Иброҳим, Нўҳ, Мўсо ва Исо ва паёмбарони бузурги таърих алайҳимус-салом, ин чунин будаанд. Аммо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки хотами паёмбарон аст, чӣ гуна аст? Дар баробари касоне, ки бо ў мушоҷира бармехостанд, ў танҳо бо хондани оятҳое аз Қуръон басанда мекард ва ё ақидаи хулро бо равиши содда ва табиӣ, баён мефармуд ва ба ҷадал намепардохт. Зиндагиаш порсоёну зоҳидонро ба ёд меоварад, гуруснагиро бисёр дўст медошт ва сабрашро бо он меозмуд. Гоҳе худро чунон гурусна медошт, ки бар ши камаш санг мебаст, то озори он ҳазратро миқдоре кам кунад.



1 next